Тоҷикистон хостори сармоягузории Қатар ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва тавлиди барқ шуд

Тоҷикистону Қатар ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар мулоқот ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим донист.
Раҳмон: Некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор мебошад
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ гуфтугӯ карданд.
Дар ин музокирот ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, баҳои баланд дода шуд.
Ҳамчунин дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомҳои миёнаравии Давлати Қатар дар масоили ба эътидол овардани авзоъ дар Ховари Миёна ва хосатан дар Навори Ғазза, ҷонибдорӣ намуд.