Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дубора оғоз ёфт

Хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, ки дар пайи заминларзаи хароб шуда буданд, таъмир гардиданд ва интиқоли барқ ба Афғонистон дубора барқарор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ширкати “Брешно” эълом кард, ки тимҳои фаннии ин ширкат муваффақ шуданд хатти воридотии барқи 220 киловолт аз Тоҷикистон, ки ба дунболи зилзилаи ахир қатъ шуда буд, дубора васл шуд ва барқрасонӣ ба вилоятҳои Қундуз, Тахор ва бахшҳои густардае аз Бағалон барқарор шуд.
“Бо васли хатти воридотии 220 киловолти Тоҷикистон, расонидани барқ ба вилоятҳои Қундуз, Тахору бахшҳои васеъе аз вилояти Бағалони дубора тамин гардидааст”, - хабар додааст дафтари матбуоти ширкати “Брешно” дар нашри хабарнома.
Дар ҳамин ҳол намояндагони ин ширкат қайд кардаанд, ки интиқоли барқ дар Кобул ва дигар вилоятҳои марказию ҷанубии кишвар то ҳол пурра барқарор нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Гуфтанӣаст ки дар паии зилзилаи шадиду маргбори шаби гузашта дар шимоли кишвар , барқҳои воридотии Узбекистону Тоҷикистони қатъ шуда буд.
Дар пайи заминларзаи шадиди шаби 2 ба 3-юми ноябр дар шимоли Афғонистон, рух дод, хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Узбекистон ба наздики 10 вилояти Афғонистон, аз ҷумла пойтахти он Кобул қатъ гардид.
Пас аз заминларза: интиқоли барқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Афғонистон қатъ шуд
Ба гуфтаи "Брешно", соати тақрибан 01:00 бомдод (шаб дар назар аст, аз идора) ду хати асосии интиқоли барқ аз Ӯзбекистон – Найбобод-Самангон ва Хулм-Пули Хумрӣ қатъ шуданд. Инчунин хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба вилояти Кундуз пурра тахриб гардид.
Ҳамчунин ширкати “Брешно” эълом кардааст, ки тимҳои тхникии ин ширкат дар ҳоли васл кардани барқи воридотии Узбекистон низ ҳастанд.
Ба иттилои расонаҳо дар натиҷаи заминларзаи ахир дар Афғонистон беш аз 30 нафар ҷон бохта, беш аз 320 тани дигар захмӣ шудаанд.
Расонаҳо менависанд, дар Афғонистон ҳоло садҳо бино вайрон шуданд ва ҳазорҳо нафар бехона монданд. Мақомоти маҳаллӣ эълон кардаанд, ки теъдоди ҷонбохтагон метавонад афзоиш ёбад.