ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар маросими ифтитоҳи 6-умин Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ дар Арабистони Саудӣ парчамбардорони Тоҷикистон ҷудокорон Мадина Қурбонзода ва Эмомалӣ Нуралӣ хоҳанд буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хаар додааст
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 134 нафар намояндагӣ мекунанд, ки аз ҷумла 54 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 69 нафар варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ дар соли 2025 аз 7-ум то 21-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) баргузор мешавад.
Бори дуюм аст, ки мизбони баргузории ин мусобиқаро Арабистони Саудӣ бар уҳда мегирад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 57 кишвар аз рӯйи 19 намуди варзиш иштирок мекунанд.
Бояд қайд кард, ки дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 14 медал (1 тило, 4 нуқра ва 9 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар гурзандозӣ гирифтааст.