ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 3 ноябри соли 2025, соати 01:29 бо вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.
"Маркази заминларза 236 километр ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе, 80 километр ҷанубу ғарбӣ аз ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 6-7 балл дар шаҳри Душанбе 4 баллро ташкил додааст", - хабар медиҳад КҲФ.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 13 апрел Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод, ки маркази он ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод гуфта шуд. Зилзиласанҷон шиддати заминларзаро дар марказ ба 5-6 балл арзёбӣ карданд.
Ба иттилои ситоди бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ин ду ноҳия 65хона пурра, 193 манзил қисман ва 150 хона зарари сабук диданд.
Илова бар ин, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 мактаб бар асари офати табиӣ низ хароб гардиданд.
Қаблан, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки ба сокинони ин ду ноҳия Маркази нави саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ месозанд.
Гузашта аз ин, роҳбари давлат низ дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба раисони Рашту Тоҷикобод ва дигар мақомдорон супориш дод, ки то 1 ноябр хонаводаҳои зарардидаро бо манзилҳои нав таъмин кунанд.