ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дмитрий Дубов, афсари калони Департаменти ташкили ҷустуҷӯи шахсони бедаракшуда ва ҷустуҷӯи фавтидагон дар Маркази асосии ҳамоҳангсозии Вазорати дифои Русия, ба РИА Новости гуфт, ки дар амалиёти муштараки ҷустуҷӯӣ бо Кумитаи тафтишотии Русия дар Суҷаи вилояти Курск беш аз 200 ҷасади сарбозони артиши Украина пайдо шуд.
"Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасадҳои хизматчиёни ҳарбии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина пайдо карда мешаванд. Хеле зиёд. Беш аз 200 ҷасадисарбозони украинӣ пайдо шудаанд", - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, ки пас аз пайдо намудани ҷасадҳо, онҳо барои нигоҳдорӣ ва сипас мубодила ба Донетск интиқол дода мешаванд.
Маркази асосии ҳамоҳангсозӣ барои ҷустуҷӯи шахсони бедаракшуда ва фавтида дар моҳи июли соли ҷорӣ таъсис дода шуда, беш аз ду моҳ пеш дар минтақаи Курск фаъолияташонро оғоз карданд.
Қаблан, гурӯҳи ҳакерии KillNet ба РИА Новости тасдиқ кард, ки пойгоҳи додаҳои Ситоди кулли Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро, ки маълумот дар бораи талафоти украинӣ аз соли 2022 - 1,721,000 - дар бар мегирад, рахна кардааст.