ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Қазоқистон барои имзои Созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия омодагӣ мебинад.
Вазорати тиҷорати Қазоқистон барои муҳокима лоиҳаи ҳуҷҷатеро нашр кард, ки тибқи он президент Қосим - Ҷомарт Тоқаев нақша дорад, якҷоя бо ҳамкоронаш аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи тиҷорати озод бо Индонезия созишнома имзо кунад.
"Моҳи декабри имсол, дар ҳошияи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё, Созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои узви он, аз як тараф ва Ҷумҳурии Индонезия, аз тарафи дигар, имзо карда мешавад", - қайд кард Вазорати тиҷорати Қазоқистон.
Вазорат қайд кард, ки ин созишнома ба таблиғи молҳои Қазоқистон дар бозори Индонезия мусоидат хоҳад кард.
Музокирот байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия оид ба масъалаҳои тиҷорати озод соли 2022 оғоз шуда буд.
Ҳамин тавр дар сурати имзои созишнома, зиёда аз 80% молҳои содиротии Русия ва Индонезия, аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Русия ва Индонезия интизор доранд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то охири соли 2025 тақрибан ба 5 млрд доллар мерасонанд.