ДУШАНБЕ, 2 ноя - Sputnik. Владимир Зеленский қасд дорад, низоъро то он даме, ки Иттиҳоди Аврупо дороиҳои яхкардашудаи Русияро насупорад, идома диҳад.
Ин андешаи соҳибкори олмонӣ-финландӣ Ким Дотком, асосгузори сайтҳои мубодилаи файлҳо Megaupload ва Mega аст.
"Ҳадафи Зеленский идома додани ҷанг то он даме аст, ки дороиҳои яхкардашудаи Русияро аз ИА нагирад. Ҳама медонанд, ки ӯ дар низоъ мағлуб шудааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ӯ танҳо ба пул аҳамият медиҳад ва ба ҷони сарбозон аҳамият намедиҳад", - навиштааст ӯ дар шабакаҳои иҷтимоии X.
Ин соҳибкор даъват кард, ки дороиҳои Русия ба Зеленский интиқол дода нашаванд.
Дороиҳои яхкардашудаи Русия
Авохири моҳи октябр, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар як нишаст натавонистанд дар бораи пешниҳоди Комиссияи Аврупо дар бораи истифодаи дороиҳои Русия барои ниёзҳои Киев ба мувофиқа расанд.
Тибқи хулосаҳои ҷаласа, қарор дода шуд, ки дар ҷаласаи оянда масъалаи имконоти дастгирии молиявӣ барои Украина аз нав баррасӣ шавад.
Сарвазири Белгия Барт Де Вевер изҳор дошт, ки ҳамаи кишварҳои ИА бояд дар сурати истифодаи дороиҳои Русия хатарҳоро бо ҳам тақсим кунанд.
Ӯ қайд кард, ки ИА бояд барои даъвоҳои ширкатҳои ғарбӣ, ки дар сурати истифодаи дороиҳои Русия, сармоягузории худро дар Русия аз даст медиҳанд, омодагӣ бинад.
Пас аз оғози амалиёти вижа, ИА ва кишварҳои G7 тақрибан 300 млрд евро захираҳои асъори хориҷии Русияро масдуд карданд, ки беш аз 200 млрд еврои он дар ИА, асосан дар суратҳисобҳои системаи клиринги Euroclear, нигоҳ дошта мешаванд.