Кадом кишвар аз рӯи суръати афзоиши истеҳсоли саноатӣ дар ИИАО пешсаф аст?

Суръати рушди иқтисодии яке аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 11,5%-ро ташкил дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя - Sputnik. Қирғизистон миёни кишварщои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз рӯи рушди иқтисод дар истеҳсоли саноатӣ дар ҷои аввал қарор гирифт.
Тибқи иттилои Sputnik Қирғизистон, нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ барои моҳҳои январ-августи соли 2025 11,5% афзоиш ёфтаанд.
Қазоқистон бо афзоиши 7,6% дар ҳамин давра дар ҷои дуюм қарор дорад.
Хотиррасон бояд кард, ки тибқи омори расмӣ, ММД-и Қирғизистон аз моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ба андозаи рекордии 13,1% афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар байни ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошад.
Истеҳсоли саноатӣ, ки 14,5% афзоиш ёфтааст, ба рушди иқтисод бештар мусоидат кардааст.
Тоҷикистон қариб нисфи колояшро аз кишварҳои узви ИИАО мехарад
Қаблан, раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу зимни боздид аз Душанбе изҳор дошт, ки кишвар омода аст ба Тоҷикистон дар ворид шудан ба бозори бузурги Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кумак кунад.