Барои 21 омӯзгори деҳаи дурдасти Ховалинг ба тариқи ҳашар хобгоҳ сохтанд

Хобгоҳ барои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 сохта, ба истифода дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Омӯзгорони деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг соҳиби хобгоҳ шуданд.
Дар ин бора, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки хобгоҳи мазкур бо тариқи ҳашар аз ҷониби соҳибкорони маҳалии деҳаи Сиёҳфарк сохта шудааст.
Дар хобгоҳ барои 21 омӯзгор шароити хуби истиқомат фароҳам оварда шудааст.
Бинои хобгоҳ аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 1 млн сомонӣ бунёд шудааст. Он аз 7 утоқи хоби 3 нафара, 2 утоқи оилавӣ, 1 ошхона ва 4 ҳаммом иборат мебошад.
Ёдрас мешавем, ки тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд.
Аз баландшавии маош, то рафъи сарбории иловагӣ: Дар Тоҷикистон қонуни "Омӯзгор" қабул шуд
Аз ҷумла, омӯзгороне, ки маротибаи аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин, таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон барои омӯзгороне, ки маротибаи аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ, қарзҳои бефоиз ё имтиёзнок муқаррар карда мешаванд.
Ахиран дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи омӯзгор" қабул шуд, ки он ҳам ба баланд бардоштани шаъну шарафи муаллим дар ҷомеа ва додани имтиёзҳо ба омӯзгорон нигаронида шудааст.