Навгонӣ дар тибби тоҷик: табибон дар ташхису табобат аз зеҳни сунъӣ кор гирифтанд

Зарфи моҳҳои январ-сентябр 40 навгониҳо дар тибби тоҷик ворид шуда, ки аз ин дар самти ташхис 7 ва дар самти табобат 33 адад будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои нахустин бор дар самти ташхил аз "Ҳуши сунъӣ" кор гирифтаанд.
Дар ин бора аз Вазорати тандурустии кишвар гузориш дода, таъкид кардааст, ки истифодаи он аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар амал татбиқ карда шуданд.
Таъкид мешавад, ки зеҳни сунъӣ дар соҳаи эндокринология, кардиология, рентгенология ва радиология, офталмология истифода шуд.
Ба иттилои манбаъ он барои ташхиси мукаммали вайроншавии назм, бо ёрии томографияи компютерӣ бори авввал масофаи байни аорта ва шараёни болоии сифоқпарда (ШБС) дар сатҳи қисми поёнии уфуқии РДА, томографияи компютерии шоҳраги дил бо синхронизатсияи ЭКГ ва томографияи компютерии дарғотҳои дил ва меъдачаҳои дил бо синхронизатсияи ЭКГ барои ташхиси беморони дил истифода шудааст.
Ҳамчунин онро дар томографияи магнитӣ резонансии узвҳои мардона бо истифода аз контраст барои муайян намудани бемории Пейрона, усули ташхиси рентгении қисми аноректалӣ ҳангоми гузаронидани ирригография дар кӯдакон ва ташхиси бемориҳои шабакия ба кор гирифтаанд.
Вазирони тандурустии Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо таҷрибаи Тоҷикистон ошно шуданд.
Дар самти табобат бошад, дар соҳаи ҷарроҳии рагҳои хунгард, эндоҷарроҳӣ, осебшиносӣ ва ортопедия, кардиология, комбустиология, офталмология, нейроҷарроҳӣ, колопроктология, соҳаи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ва дар соҳаи гематология низ аз ин технологияи навтарин кор гирифтаан.
Ин ниҳод афзудааст, ки талоши бештареро барои фароҳам овардани дастрасии аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш бештар мекунад.
Ҳамин тариқ, дар 9 моҳи соли 2025 ба 235 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 221 нафар дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” ва 14 нафар дар Муассисаи давлатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара” будааст.
Дар умум зарфи моҳҳои январ-сентябр 40 навгониҳо дар соҳа ворид карда шуданд, ки аз инҳо дар самти ташхис 7 навгонӣ ва дар самти табобат 33 навгонӣ ба шумор мераванд.