Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Коршинос: Амалиёти вижаи низомии Русия ба истиқлоли кишварҳои Африқо мусоидат кардааст

Амалиёти махсуси низомии Русия барои соҳибихтиёрӣ истиқлолияти бештар дар кишварҳои Африқо ангезаи бузургтар гардид
Sputnik
Амалиёти махсуси низомии Русия барои истиқлолияти бештар дар кишварҳои Африқо ангезае бахшид; онҳо диданд, ки Русия қодир аст дар муқобили Ғарби дастаҷамъӣ истодагарӣ кунад.
Дар ин бора Ирина Абрамова, доктори илмҳои иқтисодӣ ва директори Институти таҳқиқоти Африқо дар Академияи илмҳои Русия, дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт.
"Амалиёти махсуси низомии Русия ангезаи бештари истиқлолият дар ин ҷо [Африқо - таҳрир] гардидааст: онҳо диданд, ки Русияи "хурд", ки саҳми он дар ММД-и ҷаҳонӣ каме бештар аз 2% аст, қодир аст бо Ғарби дастаҷамъӣ рӯ ба рӯ шавад",- қайд кард Абрамова.
Вай афзуд, ки ҳаҷми ҳамкориҳои низомии Русия ва Африқо аз оғози амалиёти махсуси низомии Русия афзоиш ёфтааст.

Амалиёти махсус дар Украина

Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ғарб мушкилоти Зеленский дар робита ба вазъ дар минтақаи амалиёти вижаро, ошкор кард
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.