Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Белоусов: Русия таъмини силоҳ ба кишварҳои ИДМ-ро осону таҷрибаи ҷангияшро шарик мекунад

Русия барои фаъолона пешбурди муҷаҳҳазсозии артишҳои кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир саъй ва таҷрибаи дар амалиёти вижа андӯхтаашро шарик менамояд, гуфт вазири дифоъ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт - Sputnik. Русия ба муҷаҳҳаз кардани артишҳои миллии кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир ва мубодилаи таҷрибаи дар амалиёти вижаи низомӣ андӯхтааш мусоидат хоҳад кард.
Дар ин бора вазири дифои Русия Андрей Белоусов изҳор дошт, зимни ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои ИДМ дар Алмаато изҳор дошт.
"Бо назардошти вазъияти мураккаби низомӣ-сиёсӣ, равиши ягона ба гузаштаи қаҳрамононаи муштараки мо ва арзёбии чолишҳо ва таҳдидҳои муосир махсусан муҳим аст",- гуфт ӯ.
Белоусов таъкид кард: "Мо рӯзномаи хеле васеъ дорем. Ба натиҷаҳои татбиқи консепсияи ҳамкории низомӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он дар шароити кунунӣ таваҷҷӯҳи зиёд хоҳем дод",- гуфт ӯ.
Таъкид гардид, ки Русия барои фаъолона пешбурди муҷаҳҳазсозии артишҳои кишварҳои ИДМ бо силоҳҳои муосир саъй мекунад.
Раҳмон: Ҳадафҳои машқҳои муштараки ИДМ ва СААД амалӣ шуданд
"Мо тасмим гирифтем, ки фаъолиятҳои муштараки амалиётӣ ва омӯзиши ҷангиро густариш диҳем, муҷаҳҳазсозии артишҳои миллиро бо силоҳҳои муосир осон кунем ва таҷрибаи андӯхташударо дар давоми амалиёти махсуси низомӣ дар Украина мубодила кунем", - изҳор дошт Белоуссов.
Вазири дифоъи Русия қайд кард, ки ҳифз кардани хотираи Пирӯзии муштарак дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва пешгирӣ аз тақаллуби натиҷаҳои он анъанавӣ самти махсуси талошҳои муштарак буда, пешниҳод кард, ки дар ин масъалаҳо дар рафти мулоқот мубодилаи афкор сурат гирад.