ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Технологияҳое, ки дар эҷоди мушаки "Буревестник" истифода мешаванд, барои ояндаи иқтисоди Русия татбиқи амалӣ доранд.
Дар ин бора, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт.
"(Ин пешрафт аст - аз идора), дар соҳаи татбиқи амалӣ барои иқтисоди миллӣ дар оянда низ", - гуфт Песков.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан қайд карда буд, ки технологияҳои "Буревестник"-ро метавон дар иқтисоди миллӣ, дар таъмини энергия барои Арктика ва дар барномаҳои дигари Русия истифода бурд.
Раҳбари Русия "Буревестник"-ро на танҳо дар тақвияти қобилияти мудофиавии Русия, балки дар илм низ як пешрафт номида, дастур дод, ки барои истифодаи он дар малиёти вижа шароит фароҳам оваранд.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.