Никоҳ ва талоқ дар вилояти Суғд кам шудааст

Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд аз коҳиши шумораи никоҳ ва талоқ гузориш додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ, 3% кам шудааст.
Дар ин бора, Агентии омори Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки давоми моҳҳои январ - сентябр, 15 403 ҷуфт никоҳ кардааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар давраи зикршуда ба 1000 нафар аҳолӣ 6,9 ададро ташкил кардааст.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳи бақайдгирифташудаи САҲШ дар ин вилоят бошад, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 5,2% кам шудааст.
Ҳамин тавр, давоми нӯҳ моҳ 2333 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудааст. Коэффитсиенти бекоршавии ақди никоҳ дар Суғд ба 1000 нафар аҳолӣ 1,0 адад рост омадааст.
Ин дар ҳолест, ки нархи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад.
Ин навгонӣ бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ, амалӣ мешавад.
Нархи талоқ ва ивази ному насаб дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад
Ҳамин тавр, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси:
аризаи яке аз ҳамсарон ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,
дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,
дар асоси ҳалномаи суд - ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷ ситонда хоҳад шуд.
Айни ҳол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.