ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ рӯ ба зиёдшавӣ дорад.
Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад, Агентии омори кишвар.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба масоҳати умумии 1001,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ин нишондод ба таъкиди манбаъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,6%-ро ташкил медиҳад.
Оҷонсӣ ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ дар минтақаҳоро ба тариқи зайл чунин тавсиф кардааст:
дар вилояти Суғд – 393,9 ҳазор метри мураббаъ (39,3%),
дар вилояти Хатлон – 199,1 ҳазор метри мураббаъ (19,9%),
дар шаҳри Душанбе – 292 ҳазор метри мураббаъ (29,2%),
дар НТҶ – 107,5 ҳазор метри мураббаъ ё 10,7%.
Дар ВМКБ – 2,4 ҳазор метри мураббаъ ё 0,6%.
Ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣ дар ин муддат бо қувваи худ ба маблағи 14277,9 млн сомонӣкорҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2024-ум 4730,1 млн сомонӣ зиёд будааст.
Таъкид мешавад, ки дар ин давра ба бахши сохтмон дар умум беш аз 19 млрд сомонӣ ворид шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 120,4%-ро ташкил медиҳад.