ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Теҳрон мулоқот кард.
Ба гузориши расонаҳои эронӣ ин дидори Пизишкиён бо Рамазон Раҳимзода дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисождӣ сурат гирифтааст
Дар дидор вазири умури дохилии Тоҷикистон, бар ҳамбастагӣ, амният ва тавсеъаи устувори минтақа таъкид кардааст.
"Мардуми Эрон ва Тоҷикистон як фарҳанг, урфу одат ва суннатҳои муштарак доранд ва барои ҳама равобити дуҷониба дар арсаҳои зарурӣ тавсеъа меёбад",- гуфтааст Раҳимзода.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон, таъмини амниятро заминаи тавсеъаи равобити иқтисодӣ бисёр муҳим хонд ва эълом кард, ки ду кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва қочоқ ҳамкории зич дошта бошанд.
Рамзан Раҳимзода дар робита ба равобити фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон ёдовар шуда гуфтааст: :Мо Теҳронро хонаи худ медонем ва бояд равобити ду кишвар дар ҳама замина густариш ёбад".
Раисҷумҳури Эрон дар навбати худ гуфтааст, ки бояд бо тавсеаи равобити дӯстона ҳифзи марзҳо ва кишварҳои минтақаро тақвият бахшем ва бо қочоқчиён ва ҳар гуна амалҳое, ки амниятро халалдор мекунанд, муқовимат кунем.
"Мо бояд чаҳорчӯби мушаххасе дошта бошем, то ҳамкориҳои тоҷирон, нухбагон ва мардуми кишварҳои минтақа дар бахшҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва тибро осон ва густариш бахшем",- таъкид кардааст Пизишкиён.
Кишвардори Эрон бо ишора ба зарурати ҳифз ва таҳкими ваҳдату иттиҳоди кишварҳои минтақа, ба хусус кишварҳои исломӣ, изҳор дошт, ки он бояд густурдатар ва осон шавад, ҳарчанд хориҷиён инро намехоҳанд.