ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон аввалин кишваре хоҳад шуд, ки браузери бо зеҳни сунъӣ, Perplexity AI-ро амалӣ мекунад.
Дар ин бора дар Конфронси байналмилалии зеҳни сунъӣ (AI Conf 2025) дар Душанбе хабар дода шуд.
Барнома дар муассисаҳои давлатӣ истифода мешавад ва равандҳои таҳқиқотии дастӣ бо абзорҳои интеллектуалии таҳлилиро иваз мекунад.
Лоиҳаи озмоишӣ дар семоҳаи чоруми соли 2025 оғоз шуда, дар аввал 140 нафар кормандро дар браузери зеҳни сунъӣ таълим медиҳад, хабар медиҳад "Ховар".
Ба нақша гирифта шудааст, ки санҷиш дар соли 2026 ба анҷом расад ва сипас паҳнкунӣ дар саросари Осиёи Марказӣ барои таҳкими идоракунии рақамӣ ва иқтидори инноватсионии минтақавӣ васеъ карда мешавад. Технология дар Вазорати саноати Тоҷикистон ҷорй карда мешавад.
Қаблан эълон шуда буд, ки Вазорати саноат ва савдои кишвар низ аввалин ниҳоди давлатӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд, ки браузери Comet AI-ро истинод мекунад.
Лоиҳа се ҷузъро дар бар мегирад: платформаи иҷозатномадиҳии рақамӣ, модели забони тоҷикӣ ва браузери агентӣ барои автоматикунонии хадамоти давлатӣ.