ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Хабарнигори ҷавони тоҷик, Сорбон Оқилшоев, барандаи 4-умин Ҷоизаи байналмилалии расонаҳои хабарии "Нигоҳи воқеӣ" дар Русия шуд.
Ӯ дар бахши “Беҳтарин мақолаи рӯзноманигори ҷавон дар бораи Федератсияи Русия” ҷоиза гирифт.
Оқилшоев дар озмуни "Россотрудничество" мақолаи "Каломи русӣ дар роҳи абрешим"-ро пешниҳод кард, ки дар рӯзномаи "Публицист"-и Петербург чоп шудааст.
"Сорбон масъалаҳои фарҳангӣ ва забоншиносии марбут ба таъсири Русия ба фарҳанги Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро фаъолона инъикос мекунад", — гуфтанд дар маросими супоридани ҷоизаҳо.
Оқилшоев, аспиранти Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дар маросими супоридани ҷоизаҳо изҳор дошт, ки рӯзноманигорон тавассути гузориши худ дар бораи зиндагӣ ва фарҳанги мардумони гуногун пулҳои ҳамдигарфаҳмиро бунёд мекунанд.
Озмуни байналмилалии лоиҳаҳои хабарӣ барои расонаҳои хориҷӣ бо ҳадафи муайян, таблиғ ва пешниҳоди беҳтарин таҷрибаҳои журналистӣ дар инъикоси корҳои башардӯстонаи Русия дар хориҷи кишвар баргузор мешавад.
Ҷоизаи соли 2025 шумораи рекордии дархостҳоро ҷалб кард - 821 ариза аз 75 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ИДМ, Африқо, Осиё, Аврупои Ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ.