ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Арманистон манфиатҳои воқеии иқтисодӣ меорад.
Ин нуктаро сафири Русия дар ҷумҳурӣ Сергей Копиркин дар мусоҳиба бо Sputnik Арманистон изҳор дошт.
"Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як воқеият аст. Ереван яке аз манфиатгирандагони узвият дар ин ҷомеа аст. Ва роҳбарияти Арманистон ба ин лоиҳаи ҳамгироии АвруОсиё таваҷҷӯҳ дорад", - гуфт ӯ.
Копиркин қайд кард, ки Маскав мавқеи Ереванро қадр мекунад ва ҳамеша барои ҳамкории наздик ва дастгирӣ омода аст.
Ҳамзамон, сафири Русия ба дурнамои номуайяни пайвастан ба ИА таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Барои ёдоварӣ, Арманистон аз 2 январи соли 2015 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.
Ғайр аз ин, 9 январи соли 2025 ҳукумати Арманистон лоиҳаи қонунро дар бораи пайвастани ҷумҳурӣ ба ИАтасдиқ кард. Ба гуфтаи сарвазир Никол Пашинян, қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо бояд тавассути раъйпурсии умумимиллӣ қабул карда шавад.
Баъдтар, муовини сарвазири Русия, Алексей Оверчук изҳор дошт, ки баррасии лоиҳаи қонун аз ҷониби Арманистон, ки раванди пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро оғоз мекунад, метавонад оғози хуруҷи кишвар аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳисобида шавад.
Оверчук дар шарҳи қарори Ереван қайд кард, ки ИА ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё номувофиқанд, аз ҷумла аз он сабаб, ки "ҳарду иттифоқ набудани марзҳои гумрукӣ ва ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи кориро пешбинӣ мекунанд".
Вазири иқтисоди Арманистон Геворк Папоян дар навбати худ шарҳ дод, ки Ереван дар бораи баромадан аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё фикр намекунад.