Омор: Ғизои асосии сокинони Тоҷикистон маҳсулоти нонӣ аст

Тибқи додаҳои Оҷонсии омори кишвар, сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон аз деҳотиён зиёдттар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд
Sputnik
Ғизои асосии сокинони Тоҷикистонро маҳсулоти нонӣ ташкил медиҳад, ки моҳе қариб 14 кг-ро ташкил мекунад.
Дар ин бора Оҷонси омори Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳисоби миёна ҳар аъзои хонаводаи Тоҷикистон дар як моҳ, 3,48 кило картошка, 8,41 кило сабзавоту полезӣ, 2,6 киломева ва буттамева, хушкмева, 1,39 кило қанд ва маҳсулоти қаннодӣ будааст.
Ҳамчунин моҳона ҳар сокин 2,05 кило гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 0,2 кило моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, 3,85 литр шир ва маҳсулоти ширӣ, 14 дона тухм ва 1,67 кило равғани растанӣ ва маргарин истеъмол намудаанд.
Тибқи додаҳои ин ниҳод, сокинони шаҳр аз деҳотиён зиёдттар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд.
Таъкид мешавад, ки агар сокинони деҳол моҳона 12,6 кило маҳсулоти нонӣ истеъмол кунанд, пас ба ҳар аъзои оилае, ки дар шаҳр зиндагӣ дорад, 16,29 кило рост меояд.
Ҳар сокини Тоҷикистон дар як моҳ чӣ қадар маҳсулот истеъмол мекунад?
Тафсилоти ғизономаи тоҷикистониҳоро, ки моҳе чӣ қадар гӯшту ширу тухму моҳӣ мехӯранд дар тасвирбаён бубинед.