Беш аз 60%-и маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Суғд тавлид шудаанд

Ҳаҷми маҳсулоти саноатии тавлидшуда дар Тоҷикистон тайи нуҳмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба сари ҳар сокин 4,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ҳаҷми бештари истеҳсоли маҳсулоти саноатии дар Тоҷикистон ба вилояти Суғд рост меояд.
Ба гузориши Оҷонси омори кишвар дар нуҳ моҳи гузашта беш аз 60%-и маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар Суғд тавлид шудаанд.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии тавлидшуда дар ҷумҳурӣ тайи нуҳ моҳ беш аз 20% ба Хатлон, 10% ба Душанбе қариби 9% ба навоҳии тобеи марказ ва 0,5% ба ВМКБ рост меояд.
Ба иттилои манбаъ дар умум ин муддат дар кишвар корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи беш аз 47,2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 24% бештар аст.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатии тавлидшуда дар Тоҷикистон тайи нуҳмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба сари ҳар сокин 4,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатии тавлидшуда дар ВМКБ ба сари ҳар сокини вилоят 990 сомонӣ ва дар Суғд бошад беш аз 9,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Алишер Мирзонабот рушди саноат дар ВМКБ-ро бесобиқа гуфт
Ин нишондиҳанда дар Душанбе қариби 3,8 ҳазор сомонӣ, Хатлон беш аз 2,5 ҳазор ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ муодили 1,8 ҳазор сомонӣ сари ҳар сокин мебошад, бармеояд аз додаҳои Агентии омори Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, ки дар ин давра омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 1,6 баробар, саноати коркард – 8,1%, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,4% ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 10,5% ба амал омадааст.
Тавре Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, дар давраи ҳисоботӣ 3936 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 354 адад, коркард — 3407 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 103 адад фаъолият намудаанд.