Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия боз се минтақаи аҳолинишинро таҳти назорат гирифт

Воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Шарқ" дар баробари озод кардани нуқоти аҳолинишин ҳамчунин сарбозон ва техникаи артиши ҳарифро нобуд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҷанговарони гуруҳи нерӯҳои "Шарқ" се маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод карданд.
Дар ин бора Вазорати дифоъи Русия дар гузориши тозааш хабар дод.
"Воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Шарқ" ба умқи мудофиаи душман ворид шуда, маҳаллаҳои Новомиколаевка ва Приволное дар минтақаи Запорожйе, инчунин Егоровка дар минтақаи Днепропетровскро озод карданд",- афзудааст манбаъ.
Ҷанговарон ҳамчунин ба хати дифои як бригадаи механиконидашуда ва ду полки ҳамлавари Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи Покровское, Новоолександровка, Даниловка, Тихое ва Вишнево дар вилояти Днепропетровск, ҳамчунин Полтавка ва Малиновка дар минтақаи Запорожйе ҳамла карданд.
Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар ин минтақа аз ҷумла аз даст доданд:
То 300 аскар;
Як мошини ҷангии зиреҳпӯш;
17 мошин;
Анбори мавод.

Амалиёти махсус дар Украина

Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина 80% нерӯи ҳамлаии худро дар вилояти Сумӣ аз даст дод
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.