ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Беш аз 800 нафар ёрдамчиён аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон ва Айнӣ дар корҳои саҳроӣ ба деҳқонони Зафаробод кумак мекунанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ин ноҳия бо раванди ҷамъоварии ҳосили пахта, дар хоҷагии деҳқонии "Бобоҷон Сардор" шинос шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, хоҷагиҳое, ки дар мавсими имсола усулҳои нави кишту парвариши пахтаро истифода намудаанд, аллакай ба иҷрои нақшаи пахтасупорӣ муваффақ гардидаанд.
"Мувофиқи нақша соли ҷорӣ дар ноҳия бояд 32 ҳазору 445 тонна пахта истеҳсол карда шавад. То ба имрӯз бошад, 18 ҳазору 795,3 тонна пахта, яъне қариб 58% -и нақша ҷамъоварӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардидани ҳосил, дар баробари саҳмдорон сокинони касбу кори гуногун низ кумак мекунанд.
Зимни суҳбат бо роҳбарону масъулини соҳаи кишоварзӣ раиси вилоят барои беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта ва андешидани тадбирҳои иловагӣ барои иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ёдовар шуд.
Ба чинакчиёни фаъол бошад, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.