ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот тамоми сохторҳои идеологии вилоятро вазифадор кардааст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҷоннок намоянд.
Раиси вилоят барои беҳтар кардани кори ин сохтор тавсия додааст, ки дар ин роҳ аз васоити ахбори омма ва мутахассисон барномаҳои тарбиявӣ истифода кунанд.
Ба ин нукта Мирзонабот зимни ҷаласа вобаста ба риояи интизоми меҳнат, таъкид кардааст.
Раиси вилоят дар масъалаи таълиму тарбияи дурусти насли наврас гуфт, ки масъулияти мактаб таълим додан аст, лекин дар самти тарбия падару модар бояд аз болои фарзандони худ назорати ҷиддӣ баранд.
Ҳамчунин дар ҷаласа, масъалаҳои интизоми меҳнат, ҷо ба ҷогузории дурусти кадрҳо дар мақомоти давлатӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт мавриди таҳлил шудааст.
Алишер Худобердӣ дар баробари гузориш аз пешравиҳои вилоят гуфт, хатогиҳои ҷиддие ишора кард, ки ҳатто боиси боз гардидани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ашхоси алоҳида мегарданд.
Ба гуфтаи раиси вилоят вобаста ба ҳолати беиҷозат буридани дарахтон ва ғасби замин ҳанӯзҳам камбудиҳои зиёде ба назар мерасанд.
Дар робита ба ин масъулини сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки миёни аҳолӣ ва тариқи васоити ахбори омма мунтазам корҳои фаҳмонадиҳиро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, вобаста ба сохтакории хизматӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, суистифода аз мансаб, баромадан аз доираи ваколатҳои мансабӣ раиси вилоят изҳор дошт, ҳар нафаре, ки ба ин амалҳо даст мезанад, аввал бояд андеша кунад, ки он ҷавобгарӣ дорад.