Волии Балхи Афғонистон бо Саймумин Ятимов мулоқот кардааст

Волии вилояти Балхи Афғонистон ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо волии вилояти Балхи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Вафо дар Душанбе дидору мулоқот кардааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии волии вилояти Балх хабар додааст.
Ин аввалин сафари волии вилояти Балхи Афғонистон, ки аз мақомдорони баландпояи ҳукумати Толибон* ба шумор меравад ба Тоҷикистон аст.
Ҷонибҳо, ҳамкории амнияти минтақавиро баррасӣ кардаанд.
Юсуф Вафо хостори барқарор кардани муносибатҳои пурраи дипломатӣ байни Душанбе ва Кобул шудааст.
Ин сафар аз нахустин сафари мақомдорони ҳукумати кунунии Афғонистон аз соли 2021 инҷониб мебошад.
Тоҷикистону Толибон ё ҳамсояро интихоб намекунанд
Ёдрас мешавем, ки омори расмии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Толибон* аз рушди тиҷорат миёни ҷонибҳо шаҳодат медиҳад.
Танҳо давоми ҳафт моҳи соли гузашта, миёни ду кишвар ба арзиши 30 млн доллар додуситади тиҷорӣ сурат гирифтааст, ки Афғонистон ҳашт ва Тоҷикистон 22 млн доллар содирот доштаанд.
* Созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.