ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 232 млн сомониро ташкил дод.
Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 40 млн сомонӣ зиёд ва суръати рушд дар сатҳи 117,3% таъмин гардидааст, гузориш дод, сардори Сарраёсати омори ВМКБ Одинеков Хушқадам.
Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии вилоят 625 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 7,8% зиёд аст.
Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 14% (306 млн сомонӣ) ва 2% (318 млн сомонӣ) -ро ташкил додааст.
Дар ин давра дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ:
5674,8 тонна ғалладонагиҳо - аз ҷумла 3176 тонна гандум,
16705,6 тонна картошка,
8187,4 тонна сабзавот,
10380,6 тонна мевагиҳо,
ва хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 33088 тонна истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум гандум 2,2%, картошка 13,8%, сабзавот 0,4%, меваҷот 34,9% ва хӯроки чорво 10,9%зиёд ва ғалладонагиҳо 1,8% кам гардидааст.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 124,9 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 ҳазор сар ё 2% зиёд аст.
Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 389,2 ҳазор сарро ташкил додааст, 4,8 ҳазор сар ё 1% нисбати ҳамин давраи соли қабл зиёд мебошад.