ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Парандаи Пушинг боз шуд.
Корхонаро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғара қарор дорад, ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис дода шудааст.
Барои парвариш ва нигоҳдории мурғ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, иқтидори умумии паррандапарварӣ 40 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад.
Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона гуфтааст, ки ин иқдом имконият медиҳад, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати истеҳсоли худӣ таъмин шуда, ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ муҳайё гардад.
"Дар маҷмӯъ, дар корхонаи Парандаи Пушинг 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занони хонашин, бо кори доимӣ ва музди хуб таъмин шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Масоҳати умумии корхонаи Парандаи Пушинг 23 ҳазору 695 метри мураъббаро ташкил дода, дар он фермаҳои парандапарварӣ, қитъаҳои махсуси нигоҳдорӣ ва коргоҳи хӯроки омехта мавҷуданд.
Ҳоло дар фабрикаи истеҳсоли хӯроки паранда асбобу таҷҳизоти муосир насб гардида, истеҳсоли он мутобиқи талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Ҳамчунин, дар паҳлуи корхона 165 панели офтобӣ насб гардидааст, ки ҳар рӯз 380 кВт/с неруи барқ истеҳсол мекунад.
Аз ин ҳаҷм, корхона тақрибан 115 кВт/с неруи барқро барои таъмини фаъолияти худ истифода мебарад, боқимонда метавонад барои ниёзҳои дигар ё захираҳо равона гардад.
Президент зарур шумурд, ки барои баланд бардоштани фоиданокии кор шумораи коргоҳҳои парвариши паранда афзун карда шавад.
Кишвардор зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба масъулин дастур дод, ки аз масоҳати он на танҳо барои парвариши гулҳои мавсимӣ, балки дигар зироатҳои кишоварзӣ низ самаранок истифода баранд.