Тамриноти низомӣ дар ҳарбмайдони Фахробод баргузор гардид. Барои нахустин бор, машқҳо ҳамроҳ бо нерӯҳои сулҳҷӯи СААД якҷоя гузаронида шуданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар рафти машқҳо, низомиён "гаравгонҳо"-ро аз ҳавопаймои мусофирбар ва бинои маъмурӣ озод карданд.
Ҳамчунин нерӯҳои низомӣ амалиёти озод кардани шаҳрвандон ва безарар гардонидани террористони шартиро якҷоя машқ карданд.
Тамриноти мазкур, 21-умин машқе хоҳад буд, ки таҳти сарпарастии Маркази зиддитеррористии ИДМ баргузор мешавад ва бори сеюм аст, ки Тоҷикистон онро мизбонӣ мекунад.