ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон, сабабу таъсири таҳримоти ИА нисбати бонкҳои Тоҷикистонро меомӯзад.
Ин ниҳоди молиявиии кишвар дар мегӯяд, якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат намуда истодааст.
Дар баробари ин БМТ хабар додааст, ки феълан бонкҳо бо реҷаи муқараррӣ кор мекунанд.
"Айни ҳол, хизматрасониҳои бонкӣ барои муштариён дар Тоҷикистон дастрас буда, дар реҷаи муқаррарӣ анҷом дода мешаванд. Амалиётҳои бонкии дохили кишвар, хизматрасонии ҳисобҳо, кортҳо, банкоматҳо, замимабарномаҳо ва хизматрасониҳои электронӣ тибқи нақша иҷро мегарданд", - омадааст дар хабарнома.
Вале дар баробари ин, барои интиқоли байналмилалӣ ба баъзе самтҳо мумкин аст санҷишҳои иловагӣ ё тағйирот дар усулҳои стандартии иҷрои онҳо ҷорӣ шаванд. Муштариён доир ба имконияти анҷом додани чунин амалиётҳо огоҳ карда мешаванд, афзудааст, манбаъ.
"Фаъолияти низоми бонкӣ бо риояи қонунгузории амалкунанда идома дошта, барои таъмини фаъолияти мунтазам, субот ва ҳифзи манфиатҳои муштариён тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад", - таъкид мешавад дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки дар доираи даври 19-уми таҳримҳо алайҳи Русия, Иттиҳоди Аврупо ҳашт бонк ва муассисаҳои молиявии кишварҳои сеюмро ба рӯйхати таҳримҳои худ илова кард.
Аз ҷумла, се бонки Тоҷикистон - "Бонки Спитамен", Dushanbe City ва "Коммертсбонк" - аз 12 ноябр ба ин рӯйхат илова карда мешаванд.
Дар баробари Тоҷикистон таҳримҳо ба фаъолияти як қатор бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайраҳо таъсир хоҳад кард.