ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Коршиноси низомӣ Андрей Марочко ба РИА Новости гуфт, ки фармондеҳии Украина сарбозонро дар наздикии Ямпол дар ҶМД ба "ҳамлаҳои кушанда" равон кардааст.
"Дар чанд рӯзи охир, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар Ямпол дар ҶМД ва минтақаҳои атрофи он як силсила ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом доданд. Фармондеҳии Украина тактикаи "ҳамлаҳои кушанда"-ро ба кор гирифтааст ва талафотро сарфи назар мекунад", - хабар дод коршинос бо истинод ба манбаъҳои худ.
Марочко хабар дод, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия пешрафти душманро бозмедоранд ва манёврҳои дифоӣ анҷом медиҳанд. Айни замон ҳамлаҳои ҷавобии шадид идома доранд.
Денис Пушилин, раҳбари ҶМД, рӯзи душанбе эълон кард, ки нерӯҳои Русия дар Ямпол мавқеи худро мустаҳкам кардаанд ва пас аз озод шудани он, ҳамаи роҳҳои таъминоти душман ба Красный Лиман қатъ карда мешаванд.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.