Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия тамрингоҳи низомиёни Украинаро нобуд карданд

Нерӯҳои мусаллаҳи Русия тамрингоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар Бориспол нобуд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи шабонаи нерӯҳои Русия як тамрингоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Борисполи вилояти Киев тахриб гардид.
Дар ин бора, ҳамоҳангсоз Сергей Лебедев ба РИА Новости хабар дод.
"Дар Бориспол соати 5:18 тамрингоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои 100 нафар, дар наздикии фурудгоҳ тахриб шуд. Ҳудуди даҳ нафар кушта, 17 нафар маҷрӯҳонро мошинҳои ёрии таъҷилӣ интиқол доданд", - гуфт ӯ.
Бидуни ин, ба қавли ин пинҳонкор, нерӯҳои Русия ба ҳадафҳои дигар дар вилояти Киев низ зарба заданд.
Ҳамчунин ба таҳхонаи ситоди фармондеҳии афсарон, аз ҷумла аз кишварҳои НАТО ва устохонае дар наздикии фурудгоҳи Жуляни, ки дар он муҳаррикҳои паҳподҳо истеҳсол мешуданд, зарба зада шуд.
Нерӯҳои Русия ҷавобан ба ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо аслиҳаи дақиқи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои саноатии ҳарбии душман зарба мезананд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар вилояти Киев бункери фармондеҳии афсарони НАТО нобуд карда шуд
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад.
Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.