ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Панҷакент, ки яке аз қадимтарин шаҳри Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ҷониби "Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ" ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" эътироф гардид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш дода, афзудааст, ки ин иқдом дастоварди муҳим дар ҳифз ва рушди мероси бойи фарҳангии Тоҷикистон аст.
"Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сузанидӯзист, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давондааст", - таъкид шудааст дар гузориш.
“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад.
Созмони мазкур шаҳрҳоро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ” эътироф менамояд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2024 дар шаҳри Панҷакент нахустин Маркази сӯзанидӯзӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Маркази мазкур дар маҳаллаи Сои Зебони шаҳр, дар биное, ки солҳо боз истифода намешуд, аз ҷониби ҳунарманд ва соҳибкор Бибинисо Раҳмонова таъсис дода шуд.
Намуна ва усулҳои гуногуни ҳунари сӯзанидӯзии дастӣ дар шаҳри Панҷакент таърихи тӯлонӣ дорад ва имрӯз низ садҳо нафар бону ба он машғул ҳастанд.