Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия давоми чор соат 32 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро сарнагун карданд

Вазорати дифои Русия гузориш дод, ки нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ дар тӯли 4 соат 32 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро сарнагун карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Низоми дифоъи ҳавоӣ 32 ҳавопаймои бесарнишини болдори украиниро дар болои ҳафт минтақаи Русия сарнагун карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати дифоъи Русия хабар додааст.
"23 октябри соли ҷорӣ, аз соати 8:00 то 12:00 ба вақти Маскав, системаҳои дифоъи ҳавоӣ дар ҳолати омодабош 32 ҳавопаймои бесарнишини болдори украиниро боздошт ва нобуд карданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳавопаймоҳои бесарнишин дар фазои
Калуга - 17,
вилояти Брянск - 6,
Вилояти Белгород - 4,
Болои Ҷумҳурии Қрим - 2,
Ва яктоӣ ҳавопаймои бесарнишин дар фазои вилоятҳои Курск ва Оренбург ва вилояти Маскав сарнагун карда шуданд.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Фирори артиши Украина аз минтақаи Красноармейск
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.