Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Трамп ҳанӯз мутмаин нест, ки мулоқот бо Путин баргузор мешавад ё на

Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи мулоқоти эҳтимолӣ бо Путин сӯҳбат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки тасмим дар бораи мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ҳанӯз қабул нашудааст.
"Ман вақтро беҳуда сарф кардан намехоҳам, пас мебинем, ки чӣ мешавад", - гуфт ӯ.
Раисиҷумҳури ИМА афзуд, ки дар давоми ду рӯз маълумоти дақиқтареро пешниҳод хоҳад кард.
Ба ақидаи ӯ, низои Украина метавонист дар Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ба поён расад, аммо он ҳал хоҳад шуд, зеро ҳам Путин ва ҳам Зеленский ҳамин тавр мехоҳанд. Муноқиша ба ИМА таъсир намекунад, зеро дар он тарафи дунё бе иштироки низомиёни ИМА мегузарад, қайд кард ӯ,.
Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои амрикоии худ як гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, авзоъ дар Украинаро баррасӣ кард. Пас аз ин суҳбат Трамп аз нақшаи мулоқот бо президенти Русия дар Будапешт эълон кард.
Аммо рӯзи сешанбе, як мақомдори Кохи Сафед ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки Трамп нияти вохӯрӣ бо Путинро надорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Суҳбати телефонии Путин ва Трамп: нуқоти асосӣ аз гуфтугӯи президентҳо
Раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия ва намояндаи вижаи раисиҷумҳур дар умури сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ Кирилл Дмитриев, изҳор дошт, ки омодагӣ ба ин нишаст идома дорад.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Трамп ба Зеленский гуфт, ки ба низоъ дар Украина хотима диҳад
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.