Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия квадрокоптерҳои навъи "Баба Яга"-и Украинаро нобуд карданд: видео

Ҳавопаймои бесарнишини Русия FPV дар як парвоз се ҳавопаймои бесарнишини душманро безарар кард
Sputnik
Ҳавопаймои бесарнишини русии "Бумеранг-10", ки дар ҳайати гурӯҳи Нерӯҳои Днепр фаъолият дорад, дар ҷараёни як набарди ҳавоӣ як ҳавопаймои бесарнишини Jupiter-H1-и Украина ва ду квадрокоптери вазнини навъи "Баба Яга" -ро нобуд карданд.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар дод.
Ҳавопаймои бесарнишини русии Бумеранг-10 ба самти соҳили рости Днепр парвози муқарраршуда анҷом медод.
Ҳангоми парвоз оператор дар фазо ҳавопаймои душманро ошкор кард: як бомбаандози Юпитер-Н1 ва ду квадракоптери "Баба-Яга".
Богомаз: Артиши Украина ҳамлаҳояшро ба минотиқи Брянск се маротиба бештар кардааст
Фармондеҳи экипаж тасмим гирифт, ки ҳадафҳои ҳавоиро бо зарба задан нобуд кунад. Аввал ҳавопаймои бидуни сарнишини Юпитер нобуд карда карда шуд ва баъд аз он ҳарду квадрокоптер бомуваффақият зада шуданд.