Аз баландшавии маош, то рафъи сарбории иловагӣ: Дар Тоҷикистон қонуни "Омӯзгор" қабул шуд

Дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои нав барои омӯзгорон қабул гардиданд, ки вазифаҳои иловагиро аз дӯши муаллим бардошта ба онҳо имтиёзҳои нав пешниҳод мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран қонун "Дар бораи омӯзгор" - ро қабул карданд.
Мувофиқи қонуни ҷадид, мақомоти давлатӣ муваззаф мешаванд, ки:
Омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд.
"Омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ ҷалб карда нашавад", - , омадааст дар матни қонун.
Фаъолияти касбии омӯзгоронро берун аз раванди таълиму тарбия мавриди санҷиш ва назорат қарор надиҳанд.
Омӯзгоронро вобаста ба масъалаҳои таълимгиранда берун аз вақти корӣ даъват накунанд, зикр шудаст дар санад.
Омӯзгорон ҳуқуқ пайдо мекунанд, дар сурати баромадан ба нафақа агар хоҳиш дошта бошанд, метавонанд фаъолияти таълимиро идома диҳанд.
Ҳамчунин ба музди меҳнати омӯзгоре, ки дорандаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, дар муассисаи таълимии ҷои кори асосиашон иловапулӣ ба меъёри 30%-и маош аз як сарчашма муқаррар карда мешавад, агар онҳо мутобиқи ихтисос кор кунанд.
Рақамикунонӣ, тарбияи иқтисоддонон ва имтиёзҳо барои омӯзгор: дастурҳои Раҳмон ба масъулин
Инчунин ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20% музди меҳнати амалкунандаашон дар давоми як соли таҳсили минбаъда пардохт карда мешавад.