Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 8 миллиард доллар наздик шуд

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон нишондиҳандаҳоро нигоҳ медорад - ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми содирот хеле зиёд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тибқи омори расмӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 7,8 миллиард доллар баробар гардид.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон ҳаҷми содироти молу маҳсулот 1,8 миллиард доларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 30,2 фоиз ё 425,2 миллион доллар зиёд мебошад.
“Сохтори содиротии мамлакатро дар давраи зикршуда асосан маҳсулоти маъданӣ (43,3% ё 172,4 млн.доллар зиёд), фулузоти арзон ва маснуоти он (1,8 баробар ё 306,1 млн.доллар), фулузоти қиматбаҳо (10,4% ё 31,2 млн.доллар) ва маҳсулоти растанӣ (48,3% ё 18,3 млн.доллар) ташкил дод” – қайд кардааст агентии омор.
Дар ҳамин ҳол воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ тайи нуҳ моҳ 6 миллиарду 23,7 миллион долларро ташкил дод.
Вазири иқтисод: Новобаста аз таъсири ду буҳрони глобалӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд кард
Тавре агентии омор қайд кардааст, ин нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3% ё 976,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки зиёдшавии воридот асосан аз ҳисоби воридоти чорвои зинда, маҳсулоти чорво (1,9 баробар ё 59,1 млн. доллар), маҳсулоти тайёри озуқа (16,4 фоиз ё 68,6 млн.доллар), чарбу, равғани чорво ва растанӣ (33,0 фоиз ё 33,6 млн. доллар) ва ва ғайраҳо мушоҳида шудааст.