Тоҷикистону Русия назорат бар муҳоҷиратро пурзур хоҳанд кард

Тоҷикистону Русия минбаъд алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир якҷо мубориза хоҳанд бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Додситонии кулли Русия ва Тоҷикистон дар масоили назорати муҳоҷират, аз ҷумла мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, терроризм, ифротгароӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Ин дар як созишномаи ҳамкорӣ, ки аз ҷониби додситонҳои кулли Русия ва Тоҷикистон Александр Гутсан ва Ҳабибулло Воҳидзода дар Душанбе ба имзо роасид, пешбинӣ шудааст.
"Санад таҳияи василаҳои муассири ҳамкориро дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн пешбинӣ мекунад", — шарҳ додааст дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо ният доранд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо ҳамкорӣ кунанд.
Ҳамчунин тарафҳо бар зидди намудҳои хатарноки ҷиноят, аз қабили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, силоҳ, маводи тарканда, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи инсон ва андом, терроризм ва ифротгароӣ, коррупсия, мубориза бо ҷиноятҳои ғайриқонунӣ, мубориза бо ҷиноятҳои пулакӣ, шустушӯи пул, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ, ҳифзи муҳити зист, ва ғайра ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Додситонии кулли Русия қайд кардааст, ки созишнома ба даст овардани натиҷаҳои амалӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудааст.
Зимнан, сарони Додситонии кулл Созишномаи ҳамкорӣ байни додситонии низомии ду кишварро ба имзо расонида будаед.
Путин ба ифтитоҳи намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон розигӣ дод
Александр Гутсан дар мулоқот бо додситони кулли Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории касбии ниҳодҳои назоратӣ дар таъмини суботи ҳуқуқӣ ва амиқтар шудани шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон, ки дар авоили моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби раҳбарони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон эълон шуда буд, саҳми арзанда мегузорад.
Мулоқоти додситонҳои кулли ду кишвар муколамаи деринаи созандаро идома дода, талошҳоро барои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар чолишҳои хатарноки муосир муттаҳид мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот Александр Гутсан Додситони кулли Русия ҷонибдори худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳамкориҳои созанда дар доираи тамоми масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тасдиқ кард.