ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар давоми 9 моҳи соли равон 1 миллиону 519,5 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар ин ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда — 296,3 ҳазор нафар ё 24,2% нисбати иҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Агентӣ, шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 1 миллиону 388,8 ҳазор нафар ё 91,4% шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 1 миллиону 147,6 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 130,7 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 8,6% аз шумораи умумӣ) ва 113,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.
Қайд карда шудааст, ки дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд.
“Шумораи онҳо зиёда аз 835,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 55 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад”, - хабар додааст агентии омор.
Теъдоди сайёҳоне, ки дар давоми нуҳ моҳ аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 414,2 ҳазор нафар ё 27,2% теъдоди умумии онҳоро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қирғизистон – 97,6 (6,4%), баъдан Қазоқистон – 28,6 ҳазор нафар (1,9%), Туркманистон – 4,8 ҳазор нафар (0,3%) мебошанд.
Ҳамчунин аз Тоҷикистон сайёҳони Чин, Афғонистон, Эрон – 6,8, ИМА, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Италия, Ҷопон, Фаронса, Австралия ва Лаҳистон, Покистон, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея ва Канада боздид кардаанд.