ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни дидору мулоқот бо додситонҳои кулли кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералӣ омадаанд, гуфт ки баргузории чунин ҷаласа дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар арафаи 30-солагии таъсиси он аҳамияти хоса дорад.
Вай бо ишора ба нақши муҳими прокуратураҳо дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфта шуд, ки дар давоми се даҳсола кишварҳои Иттиҳод низоми боэътимоди ҳамкориро барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ бунёд карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз нақши калидии мақомоти прокуратура дар таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, экстремизм ва терроризм таъкид кард.
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори фаъоли талошҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо мебошад.
Ҳамзамон дар ин дидор ба зарурати таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ барои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳама гуна зуҳуроти таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ ишора карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки ҷонибҳоро зарур аст то дар самти муқовимат ба ҷинояткории киберӣ, минҷумла истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ барои роҳандозии ҳадафҳои ҷиноятии худ чораҳои муштараки ҳамоҳангшуда андешида, мавриди татбиқ қарор диҳанд.
Дар фарҷом изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералӣ ба тавсеаи ҳамкории судманд ва мубодилаи самараноки таҷриба мусоидат менамояд.