ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Маскав консерти Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Нигина Амонқулова ва овозхони узбек Ҳамдам Собиров баргузор шуд.
Нигина Амонқулова дар саҳнаи толори "Москва" ду соат ба таври зинда сурудҳои нав ва дӯстдоштаи пешинаашро тақдими тоҷикистониёни Русия кард.
Ӯ дар саҳна сурудҳои "Салом азизам", "Дар оғӯши ту мемирам", "Гул бо рӯяте", "Бирав, бирав", "Муҳаббат", "Духтари тоҷик" ва порае аз Маснавии Маънавии Ҷалолиддини Румиро сароида муҳоҷирони тоҷикро ба ваҷд оварду онҳоро ба ёди Ватан бурд.
Нигина ба Маскав бӯйи Тоҷикистонро овард
Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Нигина дар шарҳи интихоби маҳз ҳамин сурудҳо гуфт, мехост ба муҳоҷирон бӯйи Ватанро биёрад.
"Вақте, ки мо барнома омода кардем, ман хостам барои мардуми тоҷик, ки ин ҷо зиндагӣ мекунанд, маҳз сурудҳоеро бисароям, ки дар ҳақиқат буйи ватан кунанд. Ҳам сурудҳои дӯстдоштаи худам ва ҳам сурудҳои дӯстдоштаи худашон", - гуфт Нигина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Нигоҳи нек - ҳалли мушкил
Нигина гуфт, медонад, ки кору зиндагӣ барои муҳоҷирон дар дигар давлат мушкил аст, вале ба зиндагӣ бояд бо нигоҳи нек нигарист.
"Ман медонам, ки зиёд тоҷикистониён ин ҷо ҳамроҳи оила хешу таборашон зиндагӣ мекунанд, ҳар куҷо, ки бошед сиҳату саломат бошед. Зиндагӣ ун қадар мушкил нест, ҳамаи чизро нигоҳи мо ба зиндагӣ ҳал мекунад бояд бо нигоҳи нек - яъне бо позитив ба зиндагӣ нигарист. Ҳама чиз хуб ҳам ҳаст, ҳама ҷо серӣ пурӣ, шукр", - гуфт Нигина.
Нигина ҳамчунин муҳоҷиронро намоянда ва посдорандаи урфу одот ва фарҳангу забони тоҷикӣ дар дигар кишварҳо хонд.
Ӯ аз тоҷикони бурунмарзӣ даъват кард, ки ҳамеша дар ёди Ватан бошанд ва урфу одоти худро ҳифз кунанд.
"Ҳамеша ба ёди Ватан бошед, шумо дар давлати бегона ҳамчун намоянда ҳастед ва бояд фарҳангу забони миллати тоҷикро пос доред", - гуфт Нигина Амонқулова.
Бояд гуфт, ки Нигина Амонқулова қариб ҳар сол бо сафари ҳунарӣ ба Русия меравад ва дили муҳоҷиронро бо сурудҳои худ гарм мекунад.