ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Қирғизистон Максат Асаналиев мулоқот кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон мулоқоти мазкур дар остонаи баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 21 октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад, сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карда шуданд.
Қайд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллии муташаккил ва таҳияи чораҳои муассир оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот оид ба баимзорасонии Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти делимитатсияю демаркатсия гуфтугӯ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки ин Созишнома қадами таърихӣ буда, эътимод ва ҳамсоягии нек, инчунин муносибати бародаронаро тақвият дод.