ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Низомиёни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) интиқоли нирӯҳо дар Тоҷикистонро ба анҷом расонданд.
Ин машқҳо дар доираи омодагӣ ба тамриноти муштараки “Бародарони шикастнопазир - 2025” баргузор шуданд.
Бино ба иттилоъи вазорати дифои Белорус, низомиён дар дохили ҷумҳурӣ бомуваффақият ҷойгир шудаанд.
Ситод ҳоло ба нақша гирифтани амалиёти посдории сулҳ, ки ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи бӯҳронӣ равона шудааст, оғоз кардааст. Низомиён хамкории ҳамҷояро амалй мегардонанд.
Аз ҷумла, нирӯҳои посдори сулҳи Белорус ҳамроҳ бо сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия вазифаи посгоҳҳоро иҷро мекунанд.
Марҳилаи омодагӣ ба тамринот барои машқҳои “Бародарии шикастнопазир - 2025” ва “Монеа-2025” аз 14 то 19 октябр баргузор шуда, худи машқҳо аз 20 то 24 октябр гузаронида мешавад.