ДУШАНБЕ, 18 окт - Sputnik. Қариби 5,1 ҳазор нафар ба далели қарздорӣ наметавонанд аз Тоҷикистон хориҷ шаванд.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 ҳазор нафар зиёд мебошад, иттилоъ дод Хадамоти иҷро дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа.
Дар умум аз солҳои гузашта то ин давра нисбати зиёда 21 ҳазор нафар қарздорон маҳдудият татбиқ гардидааст, афзуд ин ниҳод.
Ҳамчунин Хадамоти иҷро ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нафари дигарро ворид кард.
Ба ин рӯйхат маълумот дар бораи 2 350 нафар шахсони воқеӣ ва 13 нафар шахсони ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ 2 363 нафар ворид карда шудааст.
Ин нишондод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1062 нафар зиёд мебошад, иттилоъ дод Хадамоти иҷро дар ҷамъбасти кори нуҳмоҳа.
Дар ҳамин давра вобаста ба доштани қарздорӣ тибқи ҳуҷҷати иҷро, дар маҷмуъ 1600 нафар қарздорон сарҳади кишварро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи 24,7 млн сомонӣ пардохт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби шумора 260 нафар зиёд ва аз ҳисоби маблағ 9,6 млн сомонӣ бештар аст.
Дар баробари ин, Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дар нуҳ моҳ қариби 150 млн сомонӣ пули алиментро ба манфиати модару кӯдак ситондааст.
Ин нишондод, назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 126,5 млн сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ дод Хадамот дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа.
Маврид ба зикри хос аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот барқарор намудани маблағ ба манфиати давлат ба шумор рафта, дар давраи ҳисоботӣ 88,5% ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 57,4 млн сомонӣ таъмин карда шудааст.
Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯйи шумора 2,5% ва аз рӯйи маблағ бошад 28 млн сомонӣ зиёдтар аст.
Боиси қайд аст, ки амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода,