Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия се маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижа озод карданд

Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки забт кардани маҳаллаҳои аҳолинишин барои амалиёти минбаъда дар минтақа муҳим аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт - Sputnik. Нерӯҳои низомии Русия се маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижа таҳти назорат гирифтанд.
Дар ин бора маркази матбуоти вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Давоми ҳафтаи гузашта воҳидҳои гурӯҳи низомии "Шарқ" деҳаи <...> Приволеи вилояти Днепропетровскро озод карданд", - омадааст дар гузориши ин ниҳоди ҳарбӣ.
Вазорати дифоъ тавзеҳ дод, ки забти Приволе барои амалиёти минбаъда муҳим аст. Нерӯҳои Русия беш аз чаҳор км ба минтақаи дифои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид шудаанд.
Инчунин дар вилояти Харков воҳидҳои гурӯҳи "Шимолй" Тихое ва низомиёни "Ғарб" Песчаноеро озод карданд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаҳои масъулияти ин гурӯҳҳо беш аз 5 ҳазор сарбози худро аз даст доданд.
Ҳамчунин, тайи ҳафтаи гузашта дар посух ба ҳамла ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Русия, нирӯҳо ба иншооти маҷмааи саноатӣ-ҳарбӣ, иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикии аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Украина истифодашаванда, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва партоби ҳавопаймоҳо ва нуқтаҳои муваққатии душман, ҳамлаи густтурда ва ҳафт ҳамлаи гурӯҳӣ анҷом доданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
FT: Мушакҳои "Томахавк" -ро дар Украина низомиёни ИМА идора хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.