Ҳафт шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд

Пахтакорони ноҳияи Хуросон дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100% иҷро намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт - Sputnik. Шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон то имрӯз 85% -и дурнамои солонаи худро иҷро карданд.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, то кунун, ҳафт шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Вахш ва Хуросон пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти хатлон гузориш медиҳад.
"Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 254300 тонна мебошад, ки то имрӯз 217209,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ин баробари 85% -и дурнамои солона мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр маълум шуда, ки пахтакорони ноҳияи Хуросон дурнамои ҷамъоварии пахтаро 100% иҷро намуда, то имрӯз 7 ҳазору 13 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ карданд.
Дар бораи ин, зимни мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо раисони ҷамоатҳо маълум шуд.
Суғд барои ҷамъоварии пахта 62 ҳазор нафарро ҷалб кардааст
Раиси вилоят ба масъулини соҳа, хоҷагидорону мутахассисон, деҳқонон, обмонҳо, механизаторон ва чинакчиёни чобукдаст, ки дар кишту парвариш, ҷамъоварӣ ва оростани хирмани имсола саҳми худро гузоштаанд, изҳори сипос кардааст.