Русия масъалаи ширкат дар коркарди конҳои нафти Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Ҷонибҳо ҳамчунин рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, нафту газро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Русия ва Тоҷикистон муҳокимаи фаъолонаи иштироки ширкатҳои русиро дар лоиҳаҳои муштарак оид ба коркарди конҳои нафти ҷумҳурӣ идома медиҳанд.
Дар ин бора дар пайи мулоқоти муовини нахуствазири Русия Александр Новак, бо вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, дар ҳошияи "Ҳафтаи энержии Русия" хабар дода шуд.
Тавре кобинаи вазирони Русия қайд кард, "баҳси иҷрои тарҳҳои муштараки коркарди конҳои нафти Тоҷикистон идома дорад".
"Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон аст, ки тақрибан 90% -и истеъмоли дохилии ин кишварро таъмин мекунад. Баррасии тарҳҳои муштараки истихроҷи конҳои нафт дар Тоҷикистон идома дорад", - омадааст дар хабарнома.
Онҳо ба иҷрои тарҳҳои муштарак, аз ҷумла ба фаъолияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
"Вақтҳои охир дар ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти корхонаи муштараки НБО-и Сангтӯда-1 пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд", - қайд кард ҳукумати Русия.
НБО "Сангтӯда-1": Нишондиҳандаҳои асосӣ
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" як тарҳи муштараки сармоягузорӣ дар чорчӯби ҳамкориҳои стратегии Русия ва Тоҷикистон дар заминаи истифодаи оқилонаи захираҳои обу энержӣ мебошад.
Иқтидори нерӯгоҳи барқи обӣ 670 МВт мебошад. Истеҳсоли миёнаи шабонарӯзӣ тақрибан 8,4 млн киловатт-соатро ташкил медиҳад. Саҳми Русия дар сармояи оинномавӣ 75% ва Тоҷикистон 25% -ро ташкил медиҳад.