Раҳбарони ниҳодҳои вижаи ИДМ ёддошти густариши ҳамкориҳоро имзо карданд

Кишварҳои ИДМ зарурати ҳамкорӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлат ва таъмини амният аз таъсири манфии берунаро тасдиқ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Сарони ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.
Ҳуҷҷат дар натиҷаи ҷаласаи 21-уми роҳбарони хадамоти иктишофии ИДМ дар Самарқанд ба имзо расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ҷонибҳо зарурати ҳамкориҳо ва густариши ҳамкориҳоро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои давлат ва таъмини амният аз таъсири беруна тасдиқ намуданд.
"Роҳбарони ҳайатҳои ниҳоди вижа аз идомаи муколама роҷеъ ба масоили амниятӣ ба манофеъи рушди босубот ва пешравии кишварҳои ИДМ ҳимоят карданд", — омадааст дар баёния.
Дар ҳуҷҷат зарурати боз ҳам такмил додани механизми мавҷудаи ҳамкориҳо ва тавсеаи шаклу самтҳои ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва таъмини амнияти кишварҳои ИДМ аз таъсири манфии беруна тасдиқ карда шуд.
Иштирокчиён фаъолияти афзояндаи нерӯҳои беруниро, ки ба ҳавасмандгардонии равандҳои харобиовар дар доираи Иттиҳод ва халалдор кардани шарикии анъанавӣ ва гуногунҷанбаи байни кишварҳои узви ИДМ равона шудаанд, қайд карданд.
Дабири кулли ИДМ аз ҳалли баҳсҳои марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек истиқбол кард
Дар чорабинӣ ҳайатҳои вазоратҳои махсуси Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доштанд.