ДУШАНБЕ, 17 окт - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин кормандони RT-ро бо 20-солагии таъсисаш шодбош гуфт ва афзоиши босуръати тамошобинони ин шабакаро қайд кард.
"Ҳамин аст маҳорати касбӣ, ки шумо маълумотро бо самимият, дуруст ва холисона пешкаш мекунед - ин дилрабост ва шунавандагони шумо босуръат меафзояд. Ва ман, пеш аз ҳама, шуморо бо ин табрик мекунам", - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо барандаи шабака, Салом Мософир.
Ба гуфтаи ӯ, миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон RT-ро тамошо ва гӯш мекунанд. Шабака дар байни расонаҳои ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосеро ишғол кардааст, ҳарчанд ворид шудан ба низоми муқарраршуда осон нест.
"Рости гап, вақте идеяи таъсиси Russia Today пайдо шуд, ман намедонистам, ки он чунин миқёс, чунин сифат ва ин қадар рушд меёбад. Ман шуморо бо ин шодбош мегӯям", - таъкид кард Путин.
Раисҷумҳури Русия зикр намуд, ки ин телевизион сарфи назар аз фишорҳо бо заҳмати кормандонаш ҷойгоҳи худро ёфту миллионҳо нафар онро дар дунё пайгирӣ мекунанд.
"Ба фикрам, тамоми маънии кору зиндагии шумо дар хамин аст, Муваффакиятатон муборак", - афзуд ӯ.
Russia Today як ширкати телевизионии байналмилалии хабарии Русия аст. Таърихи он аз ифтитоҳи як канали инглисизабон 10 декабри соли 2005 оғоз ёфт. Баъдан, барномаҳо ба забонҳои испанӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва сербӣ илова карда шуданд.
Аз замони таъсисёбӣ ин шабакаро Маргарита Симонян раҳбарӣ мекард. Дар тӯли ин солҳо RT дар мубориза барои фазои иттилоотии ҷаҳонӣ аз ҳама расонаҳои байналмилалӣ пеш гузашт. Тамошобинони пулакии телевизион дар саросари ҷаҳон ба як миллиард тамошобин наздик мешаванд.