Русия ба афзоиши гардиши мол миёни Эрон ва ИИАО бовар дорад

Алексей Оверчук ба афзоиши гардиши мол миёни Эрон ва ИИАО итминон дорад. Вай таъкид кард, ки табодули моли Эрон бо Русия низ дар оянда афзоиш хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Тиҷорати Эрон бо давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиш хоҳад кард.
Дар ин бора, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук, зимни боздидаш аз марзи Озарбойҷону Эрон, зербинои гузаргоҳҳои долони нақлиётии Шимолу Ҷануб, изҳор дошт.
"Моҳи майи соли ҷорӣ тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эътибор пайдо кард. Ва мо мебинем, ки муомилоти тиҷорӣ миёни ИИАО ва Эрон дар муқоиса бо моҳи май 35% афзоиш ёфтааст", - гуфт Алексей Оверчук
Гузашта аз ин, ӯ изҳори итминон кард, ки тиҷорат миёни Эрон ва Русия низ афзоиш хоҳад ёфт.
"Мо мутмаин ҳастем, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрону Русия ва Эрон ва ИИАО идома хоҳад ёфт ва зерсохтҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ бояд ба ин афзоиш мувофиқат кунанд", – гуфт муовини сарвазири Русия.
Вазир: ИИАО метавонад ба як маркази калидӣ дар низоми нақлиёти ҷаҳонӣ табдил ёбад
Ёдовар мешавем, ки Эрон ва ИИАО созишномаи тиҷорати озодро дар охири соли 2023 имзо карданд.